ехникаи кофии роҳсозӣ, захираи сӯзишвориву равғанҳои техникӣ ва маводи зидди лағжиш ба коргарони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон имконият фароҳам овард, ки ҳаракати муътадили нақлиёти мусофирбару боркашро дар рӯзҳои боронгарӣ таъмин кунанд.
Ба гуфтаи сармуҳандиси муассисаи мазкур Имомодод Мамадфозилов, ба уҳдаи онҳо таъмиру поксозии 233 километр роҳи мошингард, ки аз нисф бештари он мақоми роҳи байналмилалӣ дорад, гузошта шудааст. Ба воситаи ин қитъаи роҳ мошинҳо ба самти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғистон ҳаракат мекунанд.
Дар ин масир ағбаи Кӯҳтезак низ ҷойгир аст, ки баландии он аз сатҳи баҳр зиёда аз 4 ҳазору 200 метрро ташкил дода, масофааш 11 километрро дар бар мегирад. Дар ин минтақа сардии ҳаво баъзан то ба 40 дараҷа мерасад. Агар мошинҳо дар ин ағба дармонанд, ронандагон бо вазъи ногуворе рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ ҳамасола дар фасли зимистон дар ағбаи мазкур реҷаи шабонарӯзии навбатдорӣ ҷорӣ мегардад ва он то моҳи апрели соли дигар идома меёбад.
Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин минтақа гуфт, ки онҳо қаблан тамоми таҷҳизоти техникиро таъмир ва ба фасли зимистон омода намудаанд. Ҳоло дар сарои муассиса ҳафт техникаи пуриқтидори роҳсозӣ, аз ҷумла чор булдозер, ду автогрейдер ва ду боркунак дар ҳоли омодагӣ қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати зарурӣ ин техникаҳо ба минтақаи хатарзо интиқол дода мешаванд.
АМИТ «Ховар»