5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои ба кор андохтани навбати дуюми ин маҷмааи нассоҷӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмааи нассоҷӣ имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо ашёи хом дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Тибқи маълумот, дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ зикр карда шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.
Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.
Пас аз ифтитоҳи навбати дуюми Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» ва гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин маҷмааи истеҳсолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.