Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона +14+19 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба +22+27 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +4+6 ва рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"