Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати шабона муътадил боқӣ мемонад ва рӯзона ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа баланд мегардад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +13+18 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"