Дар Душанбе озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»-ро эълон намуд.

Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  озмунҳои мазкур  дар ноҳияҳои пойтахт  то 20 августи соли 2018 гузаронида шуда, Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои онҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри соли 2018  ҷамъбаст менамояд.

Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» бо  30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ва «Кӯчаи беҳтарин»  бо 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ  мукофотонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: