Пагоҳ, 21 июли соли 2018 тибқи нақшаи барномаҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур афсарону сарбозон аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, баҳри дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамояд.
Озмуни мазкур аз рӯи намудҳои давидан аз болои чархҳои резинӣ, гузаштан аз таги симтӯр бо оринҷон, бо қувваи дастон аз зинаи дароз гузаштан, партофтани норинҷак ба масофаи 30 м, тирпаронӣ ва пӯшидани ниқоби газӣ баргузор мегардад.
Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»