Супоридани мукофтҳои давлатӣ ва соҳавӣ ба кормандони Кумитаи телевизион ва радио

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радио ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе аз кормандони Кумита, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Дар оғози маҷлис Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳли толорро бо ҷашни 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас, қабл аз супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ, ки кормандони Кумита бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ноил гаштаанд, Асадулло Раҳмон ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо баромад намуда, тамоми кормандонро ба ҷашни 25 – умин солагрди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, хизмат ва мақоми кормандони Кумитаро дар баргузории ин ҷашни муҳими давлатӣ ва инъикоси он аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои Кумита ниҳоят бузург ва шоиста донист. Ҳамин тариқ, мукофотҳои давлатӣ аз тарафи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, ба кормандон бо тантана супорида шуд. Қурбоналӣ Сафаралӣ – муовини директори маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ, Ҳайдаров Карим – мудири бахши русии идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ва Мамадаёзов Абдулниёз – сардори комплекси барқии Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ барои хизматҳои шоён бо Медали хизмати шоиста сарфароз гардонида шуданд. Ва ба Сулаймонов Музаффар – коргардони дараҷаи олии идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон-Баҳористон»-барои хизматҳои шоён Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи 29 –уми августи соли 2016 дар Қасри миллат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони Кумита ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон – директори Муассисаи давлатии  «Ҷаҳоннамо» бо ордени Шараф дараҷаи 2, Каримов Тоҷиддин – директори Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, Нозимов Ҷовидон  ва Раҳимов Тоҷиддин - ҳунармандон аз Ансамбли давлатии «Шашмақом»  бо Медали хизмати шоиста сарфароз гардида буданд.
Ҳамчунин, пас аз супоридани мукофотҳои давлатӣ як қатор кормандони Кумита ва зерсохторҳои он ба мукофотҳои соҳавии нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд, ки аз ҷониби Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён супорида шуданд.

Нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон»

1.    Амирбекзода Назира – муовини Раиси Кумита
2.    Холзода Толиб Маҳмадраҳим – сардори Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
3.    Ҷумаева Саида Ҳусейновна – муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ
4.    Назиров Абдулҳомид – муҳаррири варзидаи «Телевизиони Тоҷикистон»
5.    Юсупов Усмон – наворбардори дараҷаи олии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
6.    Аминов Парвиз – муҳаррири варзидаи Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»
7.    Саидмуродов Дилшод – сардори бахши равшангари Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон-«Баҳористон»
8.    Бозорова Насиба – наттоқи Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
9.    Уроқова Латофат – коргардони дараҷаи олии Идораи барномаҳои таҳлилии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»
10.    Носирова Махфират – сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе»
11.    Раҳимова Гулрухсор – муҳаррири варзидаи Радиои Тоҷикистон
12.    Саидов Абдулҳақ – муҳандиси пешбари сехи танзим ва сабти барномаҳои берун аз студиявии Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ
13.    Саидов Давлатёр – муҳандиси дараҷаи якуми сехи тармиму тарвиҷи ҶСК «Телерадиоком»
14.    Дадобоева Мавҷуда – муҳаррири Телевизиони Суғд
15.    Носирова Бону Абдураҳмоновна – мутахассиси маркази матбуотии дастгоҳи марказии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ифтихорнома»

1.    Шарофуддинзода Дилшод – сармутахассиси Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
2.    Раҷабов Хушнуд – коргардони дараҷаи сеюми «Телевизиони Тоҷикистон»
3.    Сангинов Фарҳод – саркоргардони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
4.    Мирзоев Субҳон – муҳандиси маҷмааи таҷҳизоти студиявии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»
5.    Бобоев Диловар – мудири шуъбаи тасвирбардор-наворбардор ва коркардонҳои овози Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон-«Баҳористон»
6.    Ҳурматов Зафар – коргардони дараҷаи олии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
7.    Холиқов Файзулло – сармуҳаррири Идораи филмҳои видео ива мусиқии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»
8.    Нозилшоев Фарҳод – муҳаррири варзидаи Радиои Тоҷикистон
9.    Тоиров Мирзо – мудири шуъбаи телевизион ва радиои Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»
10.    Лолахон Сатторов – раиси Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумита
11.    Суламаев Зиёдалӣ – муҳандиси дараҷаи дуюми сехи студияи сайёри Маркази техникӣ
12.    Мансуров Сўҳроб – наворбардори Телевизиони Суғд
13.    Рустамов Давронҷон – электромеханики Маркази техникии телевизион ва радиои  Суғд
14.    Суфиев Бароталӣ – наворбардори Маркази техникии вилояти Хатлон
15.    Муҳаммади Бозор – саркоргардони Телевизиони Кўлоб
16.    Рустам Элназаров – муҳандиси маркази техникии ВМКБ
Дар охир, Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид намуд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаву ҷавонмардонаи кормандон ҳамеша шоистаи қадрдонӣ буда, заҳмати созанда ва бунёдкоронае, ки ба ободии Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби роҳбарияти давлат бе қадрдонӣ намемонад ва  мукофотҳои давлатӣ шакли олии ҳавасмандгардонии шахс ва эътирофи хизматҳои ӯ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқ мебошад.

Tags: