Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» дар шаҳри Конибодом

Дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумии он бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа моҳи ноябри 2017 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Барои навсозии Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» тақрибан 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ин мақсад 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Дар маҷмуъ иншооти нави хизматрасонӣ дорои тарабхона барои 150 нафар, чойхона барои 200 нафар, мағозаи хӯрокворӣ ва ошхона мебошад. Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ барои 20 нафар пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмуъ дар доираи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор»-и шаҳри Конибодом 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо барои 150 нафар ятим аз шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров дар рӯзи солгарди навбатии ҷашни Ваҳати миллӣ хони идона ороста шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Сипас ба 150 нафар ятим аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона, аз қабили маблағҳои пулӣ ва сару либос тақдим карда шуд.

Tags: