Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведов иттилоъ дод.
Дар ин росто Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки «Тоҷикистон барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои савдо ва иқтисод аз ин ҳам иқтидори бузургро доро мебошад. Дар семоҳаи аввал гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод».
Ҳамзамон таъкид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 300 адад корхонаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмон ва тиҷорат фаъолият мекунанд.
Бино ба иттилои Қоҳир Расулзода, дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои дар оянда андешидани тадбирҳои марбут ба тамдиди муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, содагардонии талабот ва гирифтани патент, инчунин вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, ибрози назар намуданд.
АМИТ "Ховар"