Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар шаҳри Кӯлоб ба имзо расид, ки ба он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маорифпарварии Федератсияи Россия Василева Олга Юревна имзо намуданд.
Дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия-Роҳбари Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия Абрамченко Виктория Валерйевна имзо карда шуд.
Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисории Федератсияи Россия Пузиревский Сергей Анатолиевич ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дирӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
АМИТ "Ховар"