Маркази миллии тестии Тоҷикистон: 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб гардиданд

Маркази миллии тестии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳоимарказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренероникормандони муваққатӣ доир кард.

Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур хабар доданд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намуда, пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод кард. Аз байни онҳо 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб ва ба кори муваққатӣ дар марказ ҷалб гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: