Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи илм, технология, иноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба кори худ расман оғоз кард.
Чорабинии мазкур мазкур бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 то 26 майи соли равон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ин Ҳафта чорабиниҳои гуногун бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ баргузор гардида, ҳамчунин доир шудани конференсияи илмӣ-эъҷодӣ, Форуми наврасону ҷавонон ва семинару тренингҳо дар назар дошта шудааст.
Дар чорабинии мазкур дар баробари хонандагону муаллимон, инчунин, олимону мутахассисон ва коршиносон низ иштирок мекунанд.
АМИТ "Ховар"