Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе: «Тарбияи насли солим ва арзандаи халқу Ватан муҳимтарин вазифаи инсонист»

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи оила ва гиромидошти муқаддасоти оиладорӣ Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон» баргузор гардид.

Дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, гурӯҳи васеи занону бонувони фаъоли пойтахт, инчунин кормандони масъули шуъба ва раёсатҳои дахлдори шаҳрӣ иштирок доштанд.

Дар оғози конфронс Мавсума Муинӣ татбиқи аснодҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии оилаҳоро, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста андешида мешаванд, ёдовар шуда, зикр кард, ки оила дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демографӣ дар ҷомеа нақши муҳимро мебозад. «Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор ва рушд мекунад. Барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, устувор гардонидани давлати мутараққӣ ва таъмини ташкили қонунии оила, низоми босуботи он дар сатҳи талаботи замон, баланд бардоштани маданият ва масъулияти оиладорӣ, тарбияи насли солим ва арзандаи халқу Ватан муҳимтарин вазифаи инсонӣ, қарзи виҷдонӣ ва шарти имондории ҳар як фарди бошууру ватанпарвари тоҷик ба шумор меравад»,- тазаккур дод муовини Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ҷараёни кори конфронс иштирокдорон ҳамчунин доир ба нақши аввалиндараҷаи оила дар ташаккули шахсияти инсон, тарбияи инсони комил дар рӯҳияи муҳаббату садоқат ва самимияту худогоҳӣ дар муҳити хонаводагӣ ва тарбияи насли наврас ҷиҳати пос доштан арзишҳои миллӣ ва суннатҳои волои он маърӯзаҳо намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҳар як сокини пойтахт ва ниҳодҳои дар ин самт фаъолиятдошта бояд ҷиҳати мустаҳкамии оилаҳои хеш ҳамеша дар талош бошанд ва кӯшиш намоянд, ки дар зинаҳои аввалини тарбияи фарзандон нақши рушану амиқ ва арзандае гузоранд, то онҳо дар оянда фарзандони асил, бо нангу ору номус ва номбардори халқу Ватан гарданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: