Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 10 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9 +14 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шамол аз самт шарқ то 13-18 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат шабона +9 +14 ва рӯзона +34 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +10 +15 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +32 +34 дараҷа ва шабона +13 +15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"