Конфронси байналмилалии сатҳибаланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароиихушунатомез” дар Кохи Сомон идома дорад.
Дар идомаи Конфронс суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Венгрия Петер Сийярто, Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Давлати Ливия Сиала Муҳаммед, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хурран Дастгир, Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашир Ҷовид Акбар, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Жан-Кристоф Биллиард, муовини Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Агибай Смагулов ва чандин мақоми дигари баландпояи хориҷӣ дар назар дошта шудааст.
Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкории тарафҳои манфиатдор бо мақсади табодули таҷриба ва таҳияи барномаи амали дақиқ барои фаъолияти минбаъдаи муштараки ҳамоҳангшуда дар чорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Хотиррасон мешавем, ки Конфронси байналмилалии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он намояндагон аз 48 кишвари ҷаҳон, 31 созмони байнламилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок доранд.
Дар анҷоми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Эъломияи Душанбе қабул хоҳад шуд.
АМИТ “Ховар”