Сардори РВКД-и Суғд ҷавононро ба зиракиву ҳушёрӣ ва бетараф набудан дар пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа даъват намуд

Бо ибтикори роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон /РВКД ҶТ/ дар вилояти Суғд дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 500 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» вохӯрии судманд баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия, содиршавии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва манъи ҳозиршудан ба донишгоҳҳо бо мошини шахсӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар оғози мулоқот ректори Донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода доир ба арзишмандии фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар гашта, иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоятро боиси дастгири хонд ва баён дошт, ки маҳаки асосии мулоқоти имрӯза ин тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода суханронӣ намуда, ҳамкории муассисаҳои таълимиро бо мақомоти корҳои дохилии вилоят дар ташкили мулоқоту  суҳбатҳои ошкоро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон назаррас арзёбӣ кард.

АМИТ "Ховар"

Tags: