«Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд. Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити берунӣ муваффақона фаъолият доранд»- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки: «Ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла 15 ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд.
Онҳо таҳсилоти олии асосӣ гирифта, дар якҷоягӣ бо хатмкунандагони донишгоҳҳои русизабони Тоҷикистон сафи таҷассумгарони арзишҳои олии маънавӣ ва ақлонии ҷаҳони русро дар кишвари мо зиёд мекунанд.
Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Маскав — Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Маскав ба фаъолият оғоз карданд».