Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад»

«Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо  дода шудааст.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ  Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст.
Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Дар бисту ҳафт макотиб, аз ҷумла мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва инчунин дар беш аз як саду сӣ синфҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст»,- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи  бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дар тақвияти ин гуфтаҳояш ҳамчунин иброз дошт, ки: «Дар даҳ донишгоҳи Тоҷикистон факултаҳои филологияи рус ҳастанд, дар аксари муассисаҳои томактабӣ раванди таълим ба забони русӣ ҷараён дорад.
Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард».

АМИТ"ХОВАР"