Сафи донорони хун ва плазмасупор дар Тоҷикистон меафзояд

Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2015 — 2019» мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун» ҷиҳати ҷалби донорони хун ва плазмасупор тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамоянд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, давоми ҳафтаи сипаригардида дар филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни чорабиниҳо дар асоси чораҳои андешидашуда бо мақсади ҷалби донорон 336 нафар донори хун ва плазмасупор дар  филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 174 л 930 мл  маводҳои хун гирифта шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки  ҷалби  донорони хун ва плазмасупор бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҳамзамон ҷиҳати расонидани  кумаки фаврӣ ба беморони эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: