17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзномаи Иҷлосия мавзӯъҳои раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд; муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ; ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ; фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ; пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади «Диди СҲИ 2025», бармеоянд; қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон; инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмонро дарбар мегирад.
Пеш аз Иҷлосияи Шӯрои Вазирон 16 апрел мулоқоти кормандони аршади кишварҳои аъзо баргузор мегардад.
Ҳамчунин, дар ростои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи Иҷлосияи мазкур 16-17 апрели соли 2018 дар «Боғи Ирам» Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"