Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшиданд.
Тавре маълум гардид, хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла кишти полезӣ, лаблабу, карам, қаланфур ва кишти маккаи дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ 1 ҳазору 574 гектарро ташкил дода, дар майдони 1 ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи “Хатлон-2014” ва “Тоҷикистон” парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур 2010 саҳмдор фаъолият дорад.
Сармоягузори хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков Ширкати Исмоили Сомонӣ мебошад ва
ҳосили пахтаи хоҷагӣ тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад.
Аҳли меҳнати хоҷагӣ нақша доранд, имсол беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар 25 сентнерӣ рост меояд.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуданд.