Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалӣ дар Анқара

Рӯзҳои 22-25 марти соли равон дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия намоишгоҳи сеюми байналмилалии «TRAVELEXPO ANKARA – 2018», яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи туризм дар ин кишвар баргузор гардид. Дар Намоишгоҳ ширкатҳои пешбари туристӣ, агентиҳо, корхонаҳои давлатӣ, ширкатҳои хизматрасони соҳаи туризм аз кишвари иқомат ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия муаррифӣ намуд. Зимни чорабинӣ бо дарназардошти эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ харитаи туристии кишвар ва намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи шумораи зиёди муштариён қарор гирифт ва мувофиқаҳое ҳам бо ширкатҳои туристии кишвари иқомат дар робита ба ҳамкории минбаъда дар заминаи туризм ҳосил гардиданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: