Рӯзи 22 марти соли 2018 сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Давҳа чорабинии муштараки фарҳангиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил намуданд. Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои илмию фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Қатар ширкат варзиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти чорабинӣ филм дар бораи таърих ва суннатҳои ҷашни Наврӯз зери унвони “Тоҷикистон меҳани Наврӯз аст” ва инчунин мавзеъҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва осори ҳунарҳои миллии тоҷикон намоиш дода шуд.
АМИТ "Ховар"