«Ҷавонон-муаррифи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ». Таҳти ин унвон дар «Боғи Ирам» барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои қарзӣ  17 марти соли 2018, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»  барномаи  фарҳангию фароғатиро таҳти унвони «Ҷавонон – муаррифи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ»  доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барномаи фарҳангӣ бо мақсади тарғиб ва ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин барномаи фароғатӣ ташкили ҳамоишҳо ва гӯшаҳои сайёҳӣ, озмуни расмкашӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги миллӣ, бозиҳои миллии варзишӣ ва пухтани таомҳои миллӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин  дар барнома ташкили ярмаркаи фурўши маҳсулоти озуқаворӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: