Дар Фархор миёни ҳунармандони мардумӣ озмуни «Дастони моҳир» доир гардид

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар байни ҷавондухтарон, тайёр намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, оммавию варзишӣ ва пешгирии онҳо аз амалҳои номатлуб дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маҳфили фарҳангию фароғатӣ ва озмуни «Дастони моҳир» баргузор шуд.

Ба иттилои муовини сардори  раёсати кор бо ҷавонон  ва варзиши вилояти Хатлон  Рамазон Насриддинзода, дар ҳамоиш зикр  гардид, ки соли 2018 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ озмун бо шартҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либоси миллӣ, хониши суруди алла, ороиши мӯй ва дигар шартҳои ҷолиб роҳандозӣ гардид.

Дар озмун аъзои ҳакамон баромади ҳар як дастаро бо хусусиятҳо ва анъанаҳои хоси мардумӣ ба инобат гирифта, ба онҳо баҳои сазовор доданд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои ҷашнҳои баҳорӣ дар ноҳия чунин барномаҳои маърифативу фароғатӣ ва дорои хусусияти тарбиявӣ барои ҷавондухтарон аз ҷониби раёсати мазкур дар якҷоягӣ бо бахшҳои шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: