Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои пойтахт, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи ин қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 6 марти соли 2018 маблағҳои ҷудогардидаро тибқи рӯйхат дар фазои тантанавӣ ба бонувон дастрас намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони варзида доир мегарданд.
АМИТ "Ховар"