Дар пойтахт Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мешавад

15 марти соли 2018 Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  доир  мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  ба рӯзномаи ин иҷлосия баррасии як зумра масъалаҳои иҷтимоию  иқтисодии пойтахт  ворид гардидаанд.

Аз ҷумла,  оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе,  дар бораи шунидани ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, дар бораи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.

 

 

Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда мешавад, ки аз  2 то 14 марти соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

АМИТ "Ховар"