Дар шаҳри Будапешт дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои «Чаҳоргонаи Вишеград» ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Сарвазири Венгрия Виктор Орбан 27 феврал роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Венгрияро муҳокима намуданд. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо ишора ба муносибатҳои самимӣ ва дӯстона байни роҳбарони ду давлат ҳавасмандии ҷониби моро ҷиҳати рушду тавсеаи равобити мутақобилан судманд бо Венгрия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид намуд.
Махсусан зикр гардид, ки сафарҳои расмӣ ва кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Венгрия солҳои 2011 ва 2016 ба раванди густариши ҳамкории созанда ва доманадори дӯстӣ байни кишварҳоямон такони ҷиддӣ бахшид.
АМИТ "Ховар"