Дар шаҳри Кӯлоб Корхонаи истеҳсоли орд ба кор шурӯъ кард. Он марбут ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён»-и Агентии захиравии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад . Ҳоло дар ин корхона дар як шабонарӯз 90 тонна орди хушсифат истеҳсол мешавад.
Ба иттилои директори корхонаи истеҳсоли орди «Суғдиён» Фурқат Иборатов, дар корхона 40 нафар коргарон ба кор ҷалб гардидаанд. Корхона орди хушсифати навъҳои 1-ум ва 2-юм истеҳсол намуда, онҳоро дар бозори марказӣ ва дӯконҳо ба фурӯш мегузорад. Нархи орди истеҳсолшуда нисбат ба бозорҳо арзонтар мебошад. Ордҳои истеҳсолгардидаи корхона берун аз шаҳри Кӯлоб низ ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Ҳамадонӣ ва Фархор нуқтаҳои асосие мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ордҳои аълосифат дастраси мардум мегарданд.
Масъулуни корхона бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои мазкур шартномаи тарафайн дошта, баъди ҷамъоварии ғалла (гандум) аз онҳо маҳсулот қабул мекунанд. Инчунин дар корхона мошинҳои сайёр таъсис дода шудаанд, ки ордҳои истеҳсолгардидаро ба ҷойҳои зарурӣ бурда, ба фурӯш мебароранд.
Дар корхона барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноатӣ ва кишоварзӣ парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, пиёз, карам ва лӯбиёгиҳо роҳандозӣ шудааст. Корхона моҳе як маротиба маҳсулоти худро ба ярмарка бароварда, бо нархи арзон дасраси мардум мегардонад. Масъулини корхона ҳамзамон ба табақаҳои камбизоат, маъюбон ва иштирокдорони ҷанг ёрии амалӣ мерасонанд.
АМИТ "Ховар"