Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.
Зимнан ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дошт.
Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.