«Барқи тоҷик»: соли 2018 баландшавии нархи неруи барқ дар назар дошта нашудааст

Соли 2018 баланд шудани нархи неруи барқ дар назар дошта нашудааст, зеро оид ба баландшавии нархи он на аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на аз ҷониби мо пешниҳоде нашудааст. Ин нуктаро дирӯз раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ соли 2017 Ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд 555,6 млн кВт.соат энергияи барқ харидорӣ намудааст. Яъне дар муқоиса бо соли 2016 хариди энергияи барқ 78,7 млн кВт.соат кам гардидааст.

Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, дар ин давра аз НБО-и «Сангтӯда-1» 1849 млн кВт.соат, аз НБО-и «Сангтӯда-2» 693 млн кВт.соат ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон 12,7 млн. кВт соат барқ харида шудааст.

Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ соли 2017 нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 20,6 млн.кВт.соат кам гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд. 312,3 млн.кВт.соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд.304,8 млн.кВт.соат ба маблағи 52,3 млн. доллари ИМА содирот карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 14 млн кВт.соат кам, аммо аз ҷиҳати  маблағ 1,8 млн доллари ИМА зиёд мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: