Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад.
Ин нуктаро Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт. Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандон ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба 26 адад муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки ба ду муроҷиати он хулосаи рад дода шуд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони Кумита ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод гардид»,- изҳор дошт Гавҳар Шарофзода. Иттилоъ дода шуд, ки барои гузоштани номҳои Асмоа ва Облоқул хулосаи рад дода шуд. Ин номҳо бинобар сабаби маънои мушаххасро баён надоштан аз ҷониби гурӯҳи корӣ рад карда шуданд.