Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 30 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо шабона боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шабона барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар пойтахт ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 1-3 дараҷа сард хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"