«Андалеб-2016»: Ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард

18 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ноҳияи Файзобод дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2016» баргузор  гардид.
Доварон ба намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Файзобод 8,7 хол доданд. То ин муддат дар шарти мазкур ин баҳои баландтарин буда, баробари баҳои ба дастовардаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Аз байни шартҳои барномаи консертӣ рақс бо номи «Гулбез» дар иҷрои хонандаи синфи 11-и МТМУ №41 ноҳияи Файзобод Хушбӯи Ҳамидзод ҳамаро мафтун кард ва аз ҷониби доварон ба 10 хол сазовор дониста шуд.
Инчунин суруди ҳаҷвии «Виҷдон» дар иҷрои гурӯҳи ҳаҷвнигорони ноҳия бо 10 хол ва сюитаи овозию рақсӣ бо номи «Тоҷикистон-тоҷи номусу шараф» дар иҷрои гурӯҳи ҳунармандон бо 9,9 хол баҳогузорӣ шуд.
Дар маҷмўъ, ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард, ки то имрўз ин нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ 100,6 холро сазовор гардида буд.

Tags: