Нахустин гурӯҳи кории мавсими «Ҳаҷ-2016» ба Макка ва Мадина расид

17-уми августи соли равон як гурӯҳи 14-нафараи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он шомиланд, иҷрои корҳои омодагӣ вобаста ба истиқбол ва ҷобаҷогузории ҳоҷиёни Тоҷикистон мебошад.
Дар айни замон меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара барои қабули ҳоҷиён омода гардидаанд ва дар назар аст, ки шуруъ аз 21-уми август гурӯҳҳои нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара сафарбар гарданд.
24-уми август сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама оғоз меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: