21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.
Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ, дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шуда, нашъунамои хуби онҳо таҳти назорат гирифта шавад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2014 Боғи Наврӯзгоҳ бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тозае зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудааст, аз ороишоти асосии ин боғ ба шумор меравад.
Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.
Аз ороишоти асосии дигари Боғи Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Дар Боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.
Аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Умуман Боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, Боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, Боғи ҷавонони пойтахт ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар баробари дарахтони ороишӣ имрӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом шинонида шуд.
Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардид.
Сарвари давлат ба мутахассисон ва коргарони Боғи Наврӯзгоҳ, инчунин дигар боғдорон маслиҳат доданд, ки дар айёми камобӣ ба масъалаи яхобмонӣ ва нигоҳубини хуби дарахтон аҳамияти зарурӣ диҳанд.
Имрӯз ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Боғи кӯдакон ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатиро бунёд карда, дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ҳамаи беш аз 90 иншооти бунёдшавандаи пойтахт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад.
Боғи кӯдакон дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Боғи Наврӯзгоҳ аз ҳисоби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи роҳбари Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода сохта шуда истодааст, ки имрӯз Сарвари давлат аз рафти корҳо дар онҳо ва дигар иншооти пойтахт, шинос шуданд.
Боғи кӯдакон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта мешавад, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад.
Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешавад.
Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва дар оянда кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳое, ки Сарвари давлат барояшон муҳайё мекунанд, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-2015” мебошанд. Дар иншооти мазкур беш аз 50 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти сохтмон супориш доданд, ки корҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад, то ин ки ин марказҳои фароғатӣ солҳои сол барои насли ояндасоз хизмат расонад.
Дар ноҳияи Шоҳмансур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддӣ барои пурра азнавсозӣ кардани Боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар майдони 8 гектар дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин ҷо оянда дар асоси супориши Пешвои миллат майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта мешавад.
Боғи назди театр тибқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд то 1 сентябри соли 2018 дар арафаи ҷашни умумимиллии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки тайи қариб як соли фаъолияти пурсамар ва созанда бо ташаббус ва роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тозае ба худ гирифт. Дар як муддати кутоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузории якчанд чорабинии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дар назар аст. Бинобар ин ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи гарму самимии сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони воломақом, инчунин муаррифии сарзамини ободу биҳиштосои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соли нав доир кардани чунин тадбирҳои созандагӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад.