Нақши Паёми Пешвои миллат дар таъмини ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа назаррас аст

Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҷамъомад баргузор гардид. 

«Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 саривақтӣ буда, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» такони бузурге дар самти ислоҳоти иқтисодии мамлакат мегардад»,-изҳор дошт Раиси Кумита Қосим Роҳбар зимни ҷамъомад.

Қосим Роҳбар ҳамзамон иброз дошт, ки  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштан ба шакли саноатии инноватсионии рушдро яке аз марҳилаҳои нави гузариш ба сифати нави иқтисодӣ таъкид намуда, истифодаи технологияҳои каммасраф ва татбиқи усулҳои пешрафтаи идоракуниро ҳамчун меҳвари баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва асоси таъмини шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ муайян намудааст.

Дар ҷамъомад сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Саидғуфрони Абдулло баён дошт, ки «дар ҳақиқат мардуми мамлакат Паёми Пешвои миллатро ҳамасола бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти ҷумҳурӣ воқеан ҳам фарогири паҳлуҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Паёми навбатӣ дастовардҳои мамлакатро дар чанд соли сипаригашта ва барои солҳои оянда инъикос намудааст».

АМИТ "Ховар"

Tags: