«Чойхонаи лаби ҷар»- таҳти чунин унвон китоби нави шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров ба нашр расид.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мазкур дар нашриёти Адиб» бо теъдоди 1000 нусха интишор шудааст.
Дар ин китоб повестҳои «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Достони бачагии Мушфиқӣ», «Як рӯзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)» ва новеллаҳои нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров гирд оварда шудаанд. Ин асарҳо ҷанбаи фалсафӣ дошта, хонандаро ба андеша водор месозанд, то нисбат ба ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бетараф набошад.
«Чойхонаи лаби ҷар» китоби сеюми нависанда ба забони тоҷикист. Қаблан китобҳои ӯ «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» ва «Афъимори марҷонӣ» ба забони тоҷикӣ нашр шуда буданд.
АМИТ "Ховар"