Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, дар баробари дигар вазорату мақомоти дахлдор дар назди Бонки миллии Тоҷикистон низ як зумра вазифаҳо гузошта шуд.
Тавре аз шуъбаи матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади иҷрои саривақтии масъалаҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатӣ бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи оинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.
Санади мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2018 ба қайд гирифта шуда, баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
АМИТ "Ховар"