Соли сеюм аст, ки дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади иловагии оилавӣ барои занону духтарон, хосатан бонувони хонашин, баҳри омӯзиш ва соҳибкасб гардидани онҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин радиф соли гузашта 45 нафар занони ҳунарманд баҳри рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гранти раиси вилоят гардиданд.
То имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ташкили марказҳои ҳунармандӣ, чун қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва сўзанидўзӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳоло дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла, 191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ бо фарогирии 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 дастгоҳи қолинбофӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 735 нафар ҳунармандон ба 3895 нафар шогирдон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд.
Инчунин давоми соли сипаригашта тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ 4226 нафар сокинон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла, бо нозукиҳои касби қолинбофӣ 299 нафар, сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар, адрасбофӣ 523 нафар ва оҳангарӣ 54 нафар фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар раванди касбомӯзии калонсолон, инчунин барои фарогирии наврасону мактабхонон низ диққати махсус дода мешавад.
Аз ҷумла, баҳри соҳибкасб гардидани толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят бо ҳунарҳои миллии аҷдодӣ, бо фарогирии 16 ҳазору 796 хонанда дар назди ин муассисаҳо 290 маҳфили сӯзанидӯзӣ, 328 маҳфили қолинбофӣ, 64 маҳфили адрасу атласбофӣ бо харидории 1014 дастгоҳи қолинбофӣ, 89 дӯкони адрасу атласбофӣ ва 669 маҳфили рўзгордорӣ, аз қабили пухту пази хӯрокҳои миллӣ бо 859 танӯр ва 1044 оташдон ташкил карда шудаанд.
АМИТ "Ховар"