Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои софу беғубор дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 29 декабр дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 29 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софу беғубор шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Tags: