Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Дар ин ҷо нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари тамошои табиати дилфиреби ин мавзеъ бо фаъолияти картошкапарварон ва вазъи рушди ин соҳа дар хоҷагиҳои деҳконӣ шинос шуд.
Тавре маълум гардид, майдони умумии мавзеъи Канаск 44 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯш мебошад.
Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2400-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.
Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо, руди обаш сард ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбуриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст.
Дар талу теппаҳо ва чарогоҳҳои сарсабзи ин мавзеъ, ки айни ҳол барои парвариши чорво мувофиқ аст, 210 нафар чорводор ба нигоҳубини зиёда аз 50 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор машғул мебошанд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои рушди соҳаи картошкапарварӣ қитъаҳои муайяни замин ҷудо карда шудааст. Имсол дар заминҳои мавзеи Канаск аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диамант К» дар майдони 63 гектар ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон сокинони шаҳри Ваҳдат рушди бахшҳои кишоварзиро аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.
Соли равон кишоварзони шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода бурдани замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва бо ин роҳ таъмин намудани амнияти озуқаворию мусоидат кардан ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҷойи 3 ҳазору 475 гектари дурнамо дар майдони 4 ҳазору 200 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки ин 121 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2015-ум 725 гектар зиёд мебошад.
Дар соли 2016 дар майдони 737 гектар замин кишти картошка ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 250 гектар зиёд аст. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ то 10 августи соли 2016-ум 21 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар мавзеъи Канаск Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти занбӯриасалпарварон низ шинос шуд.
Тавре маълум гардид, айни замон дар ин ҷо сад нафар сокинони шаҳри Ваҳдат бо 400 нафар аъзои хоҷагии хеш ба нигоҳубини 10 ҳазор оилаи занбури асал машғуланд.
Фаровонии гулу гиёҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид мебошад.
Имсол занбӯрпарварон тасмим доранд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри зиёд намудани ҳаҷми асал дар амал татбиқ намуда, аз ин мавзеъ зиёда аз 160 тонна асал ҷамъоварӣ намоянд.
Соли 2015 дар маҷмуъ занбӯрпарварони шаҳри Ваҳдат 233,7 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин шумораро ба 250 тонна расонанд.
Зимни суҳбат бо занбӯрпарварон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо ворид кардани зотҳои хуби занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро барои содирот ба хориҷи кишвар ва ворид кардан ба бозорҳои ҷумҳурӣ, бештар намоянд.
Ҳадаф аз сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Канаск низ мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар ин минтақа мебошад.
Дар охири шиносоӣ аз шароиту имконоти рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мавзеи Канаск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дод, ки баҳри азхуд кардани 1000 гектар замин барои кишти картошка тадбирҳои мушаххас андешанд.
Супориши дигар вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, туризми экологӣ ва ба минтақаи истироҳатӣ табдил додани мавзеъ, дода шуд, зеро ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор, гулу гиёҳҳои нодир, обҳои мусаффо, рудҳои обаш сард ва чашмаи оби гарми шифобахш барои пешрафти соҳаи туризм созгор аст. Дастур дода шуд, ки барои мусоидат ба ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқа таъмин карда шавад.