Дар намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ 37 ташкилот иштирок доранд

«Намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва  дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Иди касбии сохтмончиён  роҳандозӣ карда шудааст»,- зикр намуд Улуғбек Умаров, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» имрӯз зимни баргузории Намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ.
Улуғбек Умаров ҳамчунин илова намуд: «Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда  мебошад.
Дар  намоишгоҳ зиёда аз 37 ташкилоти лоиҳакашӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонии ватанӣ иштирок доранд.  Намоишгоҳ ду рӯз идома ёфта, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: