Рӯзи дуюм аст, ки дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» барои кормандони субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи сайёҳӣ курси омӯзишӣ ҷараён дорад. Дар доираи омӯзиши мазкур имкониятҳои хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» мавриди омӯзиши кормандони субектҳои хоҷагидори соҳа қарор мегирад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маҷмааи мазкур хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки ин давраи омӯзишӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии зимистона бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар омӯзиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва коршиносони соҳа иштирок доранд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба иштирокчиён барои ширкат ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа миннатдорӣ баён намуда, аз ширкатҳои сайёҳии ватанӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати муаррифии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» ба сайёҳони хориҷӣ хатсайрҳои нав ба роҳ монда, ҳамкориро таҳким бахшанд.
Зикр гардид, ки Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра навсозӣ гардида, бо фароҳам гардидани шароити муносиб, аз қабили ифтитоҳи биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои муосири дорои бозии конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ фаъолияти худро оғоз намудааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди Маҷмаа мактаби махсуси варзишии кӯдакона аз рӯи намуди варзиши зимистона кушода шудааст, ки дар он садҳо нафар кӯдакон ба омӯзиш машғул мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, дар ҷумҳурӣ барои ворид гардидани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» соли 1976 таъсис ёфта, дар шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад. Маҷмааи номбурда аз шаҳри Душанбе тақрибан дар масофаи 70 километр дуртар қарор дорад. Ин ягона Маҷмааи лижаронӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми шароит барои дилхушии меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар фароҳам оварда шудааст.
Чанде пеш Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ портали миллии сайёҳӣ ифтитоҳ намуд. Дар ин портал имкониятҳои сайёҳии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-дара» ҷой дода шудаанд, ки барои муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳии кишвари кӯҳистони мо мусоидат менамоянд.
АМИТ "Ховар"