Аз 11 то 14 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО ва психологияи инсон» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинари мазкур равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабирзода ба журналистон оид ба тарзи дуруст гирифтани мусоҳиба, суҳбат бо қаҳрамонон, баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ ва дарк кардани набзи ҷомеа аз нигоҳи равоншиносӣ маълумот дод.
Ҳадафи семинарро масъулин баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва дуруст амал намудан зимни фаъолияти касбии журналистӣ маънидод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошад.
АМИТ "Ховар"