Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Умедҷон Зоирзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, иҷрокунандаи вазифаи Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» Кирк Рамер ва дигар шахсони масъул коргоҳи коркарди меваю сабзавот ба истифода дода шуд.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташаббускори лоиҳа кооперативи тиҷоратии «Мирзои Нури Арбоб» мебошад ва татбиқи он бо сармоягузории USAID амалӣ шуд. Самти асосии фаъолияти кооператив боғдорӣ аст. Масоҳати умумии кооператив 1,625 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 72 гектари он боғи дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, нок, олу, дӯлона ва ғайра ташкил шудааст.
Тавре зикр гардид, сохтмони коргоҳ моҳи августи соли 2016 оғоз ёфта, моҳи июли соли 2017 ба поён расид. Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷалбшуда 1 миллиону 26 ҳазору 455 сомонӣ мебошад, ки саҳми кооператив 67,06% ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» 33,94%-ро ташкил медиҳад.
«Коргоҳи мазкур бо мақсади дар ноҳия талаф наёфтани меваю сабзавот бунёд гардида, он ҳамчунин қадами навбатӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-амнияти озуқаворӣ мебошад»,-иброз дошт раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур.
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ коргоҳро бо 16 номгӯй таҷҳизоти консервакунонии меваю сабзавот муҷаҳҳаз гардонид. Коргоҳи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1000 банка консерва омода кунад.
Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки барномаи мазкур барои рушди соҳаи хоҷагидорӣ ва кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо 20 соҳибкор дар вилояти Хатлон якчанд корхона ташкил намуда истодааст.
«Дар давоми ду соли охир барнома дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон амалӣ гардида, мо бо 12 ноҳия ҳамкории зич дорем. Ноҳияи Ёвон баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар амалӣ гардидани барнома ҳамкории зич намуда, соли гузашта дар ноҳия ташкили корхонаҳои коркарди хӯроки чорво, маркази бордоркунии чорвои ширдеҳ ва ниҳолхонаи дарахтони меваю чормағз аз тарафи барнома дастгирӣ ёфт»,-гуфт Кирк Рамер, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда».
АМИТ "Ховар"