Дар Кӯлоб 873 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд

Баҳри истиқболи сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағ аз ҳамаи сарчашмаҳо ба истифода супоридани 873 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 289 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳини шаҳр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар бинои Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ вусъат бахшида истодааст. Барои хушсифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ анҷом додани корҳо техника ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудаанд.

Сармуҳандиси ҶДММ «Фаридун» Фаридун Шамсов мегӯяд, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони хонаҳои баландошёна шурӯъ гардидааст. Ин ширкати сохтмонӣ  аллакай дар шаҳри Кӯлоб як бинои панҷошёнаи истиқоматиро ба истифода супорида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёнаро идома дода истодааст.

ҶДММ «Бунёд-2» дар маркази шаҳр корҳои оҳану бетониро дар шаш ошёнаи бинои истиқоматӣ ба анҷом расонидааст. Роҳбарияти ҷамъият мақсад доранд, ки   дар ин мавзеъ боз ду бинои нуҳошёнаи дигар ба истифода диҳанд. Дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар бинои нуҳошёнаи хобгоҳ барои 700 ҷой дар Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  сохтмончиёни ҶДММ «Марво» идома доранд.

Ба иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тибқи  нақша то 9 сентябри имсол дар шаҳри Кӯлоб 26 иншооти таъйиноти гуногун   ба  истифода дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: