Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби ин мамлакат мулоқоти судбахш анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, доир ба сохтмони як корхонаи муштараки дорусозӣ, таъсиси донишкада ва ё факултаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии Саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби табибони тоҷик ба ин мамлакат барои кори доимӣ, ба роҳ мондани амалиёти хайрияи ҷарроҳӣ барои беморони эҳтиёҷманди Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона тавофуқоти пешакӣ ҳосил шуд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони Саудӣ дидан карданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои иштирок дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор дорад.
АМИТ "Ховар"