Аз 4 то 9 декабри соли равон дар ҷазираи Чеджудои Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни ҷаласа 34 дархости навро оид ба ворид намудан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии умумибашарии Юнеско дида мебароянд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар номгӯи дархостҳое, ки дар ҷаласаи мазкур баррасӣ мешавад, дар радифи дархостҳо аз кишварҳои гуногун аз Тоҷикистон мусиқии миллии тоҷикӣ-Фалак пешниҳод гардидааст. Аз Арманистон рақси гурӯҳии мардонаи «Рочарӣ», аз Озарбойҷон хӯроки миллии «Дӯлма» ва тарзи таҳияи он, аз Қазоқистон бозии миллии «Асык» ва аз Қирғизистон бозии фолклории аспдавонӣ низ ба номгӯи дархостҳои баррасишаванда шомиланд.
Бояд гуфт, ки Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.
Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳоло ин ансамбл дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
АМИТ "Ховар"