Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои рушди маориф доир гардид

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа  ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон баргузор  гардид.  

Дар  ҷаласа  масъалаи  ҷараёни иҷрои Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳру навоҳии  вилоят  муҳокима  гардид. Ҳамзамон  аъзои  Шӯро   ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи  тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» дар фаъолияти коллеҷҳои тиббӣ  ва гурӯҳҳои мақсадноки тиббии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва  ҳолати  тайёр кардани  мутахассисону кадрҳои коргарии ба бозори меҳнат рақобатпазирро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят  баррасӣ  намуданд.

Зимни ҷаласа  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода  иброз дошт, ки дар  самтҳои номбаршудаи  фаъолият  корҳо  бояд аз  рӯи нақша  иҷро карда  шаванд. «Танҳо  дар  ҳолати   сари вақт  иҷро кардани нақшаҳои корӣ мо метавонем     сифати таълимро  дар  муассисаҳои таълимӣ  беҳтар гардонем»,-баён дошт   Махфират  Хидирзода.

АМИТ "Ховар"

Tags: